Равобити Техрон-Душанбе дар соли 2007
Youth
Science
Entertainment
POLITICS
260108 – Ба гузориши хабаргузории расмии Эрон, сарпарасти сафорати ин кишвар дар Точикистон гуфтааст, ки сафари расмии Эмомалии Рахмон ба Техрон ва дар паи он имзои чандин санади хамкорй мухимтарин руйдоди сиёсй дар равобити Тезрон-Душанбе дар соли 2007-и мелодй будааст.
Ахмади Ачаллуиён рузи шанбе (26 жонвийе) дар гуфтугу бо ИРНО дидори расмии раисичумхурии Точикистон аз Эрон ва мулокоти у бо макомоти баландпояи он кишварро заминасози пешбурди равобити сиёсй, фархангй, иктисодй ва ичтимоъии дутарафа унвон кард.
Ба гуфтаи ин диплумот, тайи соли 2007 нухбагону андешамандони точик ба монанди вазири фархангу хунар дар раъси як хайъати макомоти фархангй ба Эрон сафар карданд, ки он низ дар густариши равобити фархангии миёни ду кишвар асари жарф гузошт.
Вай гуфт, сафари макомоти додрасии Точикистон ба рахбарии муъовини нахусти Додгохи Олй ва дидори 40 корманди донишгоххои Точикистон аз Эрон дар соли мелодии гузашта ба густариши муносиботи дутарафа мусоъидат карданд.
Ачаллуиён гуфт, ки афзун бар ин, дар соли гузашта вазирони дифоъ, улум, пажухиш ва фанноварй ва энержии Эрон ва хамчунин хайъатхои фархангй ва иктисодии ин кишвар ба Точикистон сафар карданд, ки барои дастёбй ба дастовардхои мухимми ду кишвар корсоз вокеъ шуд. Ба гуфтаи сапарасти сафорати Эрон дар Душанбе, мухимтарин дастоварди ин дидорхо имзои чандин муъохида ва паймон буд.
Вай гуфт, диду боздидхои мукаррари хайъатхои порлумонй ва сафари як хайъати Кумитаи имдоди Имом Хумайнй ба Точикистон барои баргузории маросими заношуии 100 чуфт ва гушоиши чанд маркази иштигол дар миёни маворидест, ки дар густариши равобиту хамкорихои байни ду кишвар накш доштааст.
Ачаллуиён афзуд, мавозеъе, ки Точикистон дар созмонхои байнулмилалии гуногун иттихоз мекунад, ба суди Эрон аст. Вай гуфт: «Точикистон пайваста аз хукуки Эрон, ба вижа дар заминаи барномаи хастаии сулхомез, химоят кардааст.»
Ба гуфтаи сарпарасти сафорати Эрон дар Душанбе, дар соли 2007 Эрон дар зумраи панч шарики иктисодии аслии Точикистон будааст.
Вай аз огози амалиёти сохтмонй дар ниругохи Сангтуда-2 тавассути ширкати эронии Фороб бо худуди 220 милюн дулор ба унвони яке аз руйдодхои иктисодии умдаи дар равобити миёни ду кишвар дар соли 2007 ёд кард.
Аз чумлаи намунахои дигари хамкорихои мутакобили Эрону Точикистон Ачаллуиён аз мархилаи нихоии кори ширкати эронии Собир дар эхдоси тунели Анзоб, барандагии як ширкати эронй дар мунокисаи эхдоси як чодда ва огози эхдоси як рохи кухистонй тавассути хамин ширкат ва бозсозии чандин сохтмон дар Точикистон ёдовар шуд. Ба гуфтаи у, тайи соли 2007 ширкатхои эронй чандин сохтмони чандтабака хам сохтанд.
Вай гуфт, ки ба зудй дар Душанбе намоишгохи саноеъи эронй баргузор хохад шуд.
Ба гуфтаи ин диплумот, тавлиди дастгоххои иртибот аз рохи дур, гушоиши вохидхои тавлидотии хурок ва масолехи сохтмонй бо сармояи эронй низ аз паёмадхои равобити бозаргонии миёни Техрону Душанбе дар Точикистон аст.
Вай афзуд, ки афзоиши мизони рафту омади шахрвандони ду кишвар дар соли 2007 ва афзудани як хатти парвози дигар миёни Эрону Точикистон аз чумлаи дигар мавориди мусбати хамкорихои мутакобил аст.