tajikistanweb.com
Интерносиюнолисми забонй
Раванди эчоди тафрика миёни порсй ва «точикй» дар Осиёи Миёна бештар аз хадди тасаввур ба дарозо кашид
.
Сарфи назар аз тагйири ном ва хатти забон, ягонагии он бо порсии сарзаминхои дигар ошкору хувайдо монд.
Ба
бахонаи
пайравй аз ормонхои «интерносиюнолистй» мавчи азиме аз вожагони русй ва хоричии дигар бар баданаи забони порсии Осиёи Миёна тохт ва бар чои муъодилхои порсии он нишаст ва хуруфу аломатхои вижаи русй вориди алифбои таъдилшудаи сириллик шуд. Бароянд (натича)-и он шигарфу фавкулъода буд. Хатто номи сарзамин аз «Чумхурии Шуравии Сусиёлистии Точикистон» ба «Республикаи Советии Социалистии Точикистон» тагйир кард.
Кунфронси забон, ки рузи 22 ут (август)-и 1930 дар шахри Столинобод (Душанбе) ба раёсати ховаршиноси рус Александр Семёнов баргузор шуд, ба натичахои зерин расид:
-
забони нави точикй бояд аз забони мавчуд дар рузномахо, мачаллахо ва китобхои точикй моя бигирад ва комилан дубора ихтироъ нашавад;
-
ин забон бояд барои хамаи точикизабонхои Иттиходи Шуравй кобили фахм бошад. Барои
содатар
кардани
он
бояд
ба
забони
точикони одии Шуравй наздик шуд;
-
ин
забон
бояд
унсурхои
хоссеро
,
ки
вижагии
муштараки забони
навиштории
порсй
/
точикй
дар
берун
ва
даруни
Иттиходи
Шуравй
махсуб
мешуд
,
тарк кунад.
(Paul Bergne, The Birth of Tajikistan: National Identity and the Origins of the Republic).
Он «унсурхои хосси порсй» дар вокеъ матрук шуданд, аммо дар забони рузмарраи тудахо зинда монданд. Барои намуна, пешванди порсии вачхи шартии «би-»
(
бимонад, биравад) аз «забони адабии хозираи точик» хазф шуд, аммо туфони забонситези шуравй натавонист онро дар миёни мардуми одии точик аз байн бибарад ва он хамчунон роич аст. Унсурхои туркии бешуморе ба монанди пасванди пурсишии «-мй»
ва сохтори шикастаи чумла дар «забони нав» русух кард, то онро барои порсигуёни хоричй бегонатар чилва дихад.
Бим
аз
порсиён
Андреас Каппелер ва Эдворд Олворт, нависандагони китоби «Зухури
дубораи чавомеъи мусалмон», бар ин боваранд, ки он чорахо
(
барои эчоди як «забони меъёри точикй) бо хадафи хунсо кардани «понэронисм» ё эронгаройи дар миёни равшанфикрони точик анчом шуда буд. Чун дар миёни шуморе аз онхо «дарки амик аз иштироки фархангй ва забонии порсигуёни Осиёи Миёна бо мардуми Эрону Афгонистон» рушд карда буд.
Иборати «Мо – форсиён» дар яке аз навиштахои Садриддин Айнй нигаронии макомотро барангехт
.
Китоби «Намунахои адабиёти точик»-и Айнй ба бахсхои шадиду густарда доман зад
ва бархе аз «донишварон»-и рус мункири хакки точикон ба хар навъ адабиёти пеш аз давраи шуравй шуданд.
Тазкираи Айнй осоре
аз Рудакй, Фирдавсй, Хофиз, Саъдй, Низомй, Камоли Хучандй, Сайфи Исфарагй ва чанде дигар аз шоъирони порсиро дарбар дошт.
Пол Берн дар китоби худ менависад: «Китоби «Намунаи адабиёти точик» пеш аз соли 1930 тахрим шуд ва чандин чаъбаи онро аз байн бурданд.» Макомот
(
аз чумла Бухорин) ба Садриддин Айнй барчаспи «салтанатталаби иртичоъй»-ро заданд
.
Айнй барои исботи вафодории худ ба Шуравй мачбур буд достонхои ба вузух шуравидустонаи «Одина» ва «Дохунда»-ро дар соли 1930 мунташир кунад. Дар ивази он
,
хамаи шоъироне, ки дар «Намунаи адабиёти точик»-и Айнй омада буданд, ба унвони чехрахои адабиёти клоссики форсу точик шиносойи шуданд. Аммо тасмим бар ин буд, ки ворисони онхоро дар Осиёи Миёна дар акаллият нигах доранд.
«
Магар
хамаи точикхо мурданд?»
Саршумории чамъият дар Иттиходи Шуравй аз мавзуъоти дарднокест, ки ба осонй метавон дар борааш садхо сафха матлаб навишт. Харчанд
он
мавзуъи
ин
навиштаи
мо
нест
,
бояд
аз
як
мавриди он нагзашт
:
точикхо, ки дар иттиходи навини кавмхои слову турк муттахиде надоштанд, аз курбониёни умдаи саршуморихои Шуравй буданд ва шумори онхо дар миёни ду саршуморй (дар солхои 1917 ва 1926) ба шиддат кохиш ёфт. Шириншо
Шотемур
,
дабири аршади Кумитаи точикистонии Хизби Кумунисти Узбакистон дар он давра муътакид буд, ки саршумории «мугризона ва номунсифона»
-
и 1926
абзоре барои
узбаксозии чамъият будааст. Дар натича, милюнхо тан аз точикони Самарканд, Бухоро, Сурхондарё ва дигар минтакахои порсинишини Узбакистон якшаба узбак шуданд.
«
Ба гуфтаи Шотемур, ба зудй пас аз таъйини худуд дар соли 1924 рузномахои узбакй муддаъй шуданд, ки точикхоро метавон танхо дар куххои Помир (-и Чумхурии Худмухтори Точикистон) ёфт ва мегуфтанд: «ононе, ки фикр мекунанд дар дигар чойхои Осиёи Миёна хам точике хаст, девонаанд.» Шотемур
«
таъкибу пайгарди муназзами точикон ва забони точикй» тавассути узбакхоро тасвир кард ва афзуд: «Вазъият ба андозае бад шуд, ки дар давраи саршумории ахолии соли 1926 имкон надошт касе дар Узбакистон по пеш гузораду бигуяд,
ки дар Узбакистон хам точикон ба сар мебаранд,» чи бирасад ба ин ки ба маъмури саршуморй бигуйи, ки худам хам точикам. Дигар рахбарони вакти точик низ бо ин иддаъо мувофик буданд, ки шароити ончунонй ба натичахои галат дар саршумории чамъият анчомидааст. Дар саросари Ховарзамин Бухорову Самаркандро ба унвони шахрхои точикй мешинохтанд, аммо саршумории соли 1926 нишон дод, ки хар ду узбакианд.
Абдуррахим Хочибоев (яке дигар аз рахбарони кумунисти точик –
twc)
пурсид
: «
Магар хамаи точикхо мурданд?» Ва афзуд: «Агар чунин аст
,
пас хатман бояд ин натичаи сиёсатхои гайришуравй буда бошад.»
(Francine Hirsch, Empire of Nations: Ethnographic Knowledge and the Making of the Soviet Union).
Бедории шикаста
Бо
вучуди ин, эхсосоти зиддипорсии фоики макомоти Шуравй натавонист
монеъ аз хисси пайвастагй ва наздикии точикхо ба хамкавмони порсигуяшон дар он суи марзхо
шавад. Дертар, дар дахаи 1970, окодемисян Бобочон Гафуров – дабири нахусти пешини Хизби Кумунисти Точикистон истидлол кард, ки хамоно Осиёи Миёна гахвораи забону фарханги куруни вустойии порсист
.
Ба гуфтаи вай, «Вижагихои аслии забони точикй пеш аз огози тахочуми араб
дар садаи хафтуми мелодй шакл гирифта буд ва мардуми Осиёи Миёна, шимоли шарки Эрон ва шимоли Афгонистон ба хамин забон такаллум мекарданд, харчанд он замон номи забон «порсй» буд, на «точикй». Дар паи ишголи Осиёи Миёна тавассути арабхо забони порсй чойгузини шуморе аз забонхои дигари эронй дар Осиёи Миёна шуд. Ин забонхои мансуха бар вожагон ва талаффузи гуишхои порсии роич дар Осиёи Миёна таъсири мондагоре доштанд ва онро аз талаффузи порсигуёни гарб мутамоиз мекарданд. Аммо хамин гуишхои шаркй буданд, ки нахуст «порсй» ном гирифтанд.»
(Jo-Ann Gross, Muslims of Central Asia: Expressions of Identity and Change).
Гафуров дар асари арзишманди «Точикон» комгор шуд собит кунад, ки эрониёни Осиёи Миёна
(
точикон) дар офаридани тамаддуни эронй накши асосй доштаанд.
Донишмандони точик
дар таъйини хуввияти тозаи худ по фаротар гузоштанд ё дар вокеъ, хуввияти кавмии ростини худро решаёбй мекарданд. Нависандаи китоби «Мусалмонони Осиёи Миёна»
бурузи эрондустй дар Точикистони пас аз бозсозии Горбачевро ин гуна тавсиф мекунад:
«
Як пруфесури точик дар як рузномаи бонуфуз дар таърифи вожаи «Эрон» навиштааст, ки он танхо ба маънои кишвари хосси садаи бистум нест, балки сарзамини фарохтареро, аз Синду Сирдарё
гирифта
то марзхои Туркия, Эрон ва Сурияи имрузй
дарбар мегирад, ки зодбуми хамаи мардумони эронй, аз чумла точикон будааст (Додхудоев, 1986). Як истидлоли муртабити дигар ин ки точикон дар гузашта миллати бузургу неруманде буданд, ки афзун бар Осиёи Миёна дар шимоли шарки Эрон, Афгонистон, Синчиён (-и Чин) ва минтакахои дигар ба сар мебурдаанд (Сиддиков, 1984)... Мухаммади Осимй – раиси пешини Фархангистони Улуми Точикистон
гуфтааст, ки порсй, дарй (порсии кобулй, забони муъоширати байни аквоми Афгонистон)
ва точикй дар вокеъ як забони вохиданд
,
харчанд миёни онхо тафовутхои фаровоне дар вожагон ва гуишхо вучуд дорад. У афзуда, ки «адабиёти клоссики мо, ки ба забони порсии дарй навишта шуда буд, дороии муштараки эрониён, афгонхо ва точикхо аст.»
(
Рачабй
, 1987:4)" (Jo-Ann Gross, Muslims of Central Asia: Expressions of Identity and Change, 1992).
Ин эхсосот дар соли 1989 ба авчи худ расид. Дар он сол Точикистон нахустин кишвари Осиёи Миёна шуд, ки конуни забонашро тадвину тасвиб кард. Ин чахорумин конуни забон дар саросари Иттиходи Шуравй буд ва танхо се кишвари каронаи Болтик аз Точикистон пешй доштанд. Конуни забон рузи 22 жуие (июл)-и 1989 тахти фишори тазохуроти мардум, ки мехостанд забони модариашон ба унвони забони расмй чойгузини русй шавад, тасвиб шуд. Ин конун ба забони Точикистон пас аз 61 сол номи аслиашро пас дод ва онро дар кавсайн карор дод: точикй (форсй). Бино ба Конуни Забон дар хамон сол Бунёди Забони Форсии Точикй поярезй шуд. Карор
буд
то
соли
1996
хатти
порсии
арабй
чойгузини
сириллик
шавад
.
Хатто акнун равшанфикрони точик он рузро ба унвони як лахзаи заррини нишоти фархангишон дар садаи 20 ба ёд меоваранд. Дар вокеъ, он танхо як лахза буду лахзаосо
ба сар расид.
Чанги хунини панчсола (1992-1997) растохези фархангии точиконро боздошт. Неруе чадид бо химояти Русия ва Узбакистон руи кор омад ва равандро воруна кард. Холу хавои зиддипорсй чира шуд ва навиштахои порсиро аз кучаву хиёбонхо сутурданд. Дар соли 1994 порлумони Точикистон Конуни Забони 1989-ро ислох кард ва дубора ба шеваи шуравй забони расмии кишварро «точикй» номид. Тархи бозгашт ба дабира (хатт)-и порсии арабй барои муддати номаълум ба фаромушй супурда шуд.
(
дунбола дорад)