ХУКУКИ БАШАР
МУРТАБИТ
Youth
Entertainment
tajikistanweb.com
260508 –
Рузноманигори чавони афгонистонй , ки ба хотири пиёда кардани як макола дар бораи хукуки занон аз як торнамои эронй ба эъдом махкум шуда буд , акнун умедвор аст , ки ба зудй зиндонро тарк кунад . Хабарнигори рузномаи «Индепендент»-и Ландан ин хабарро дар шумораи рузи 26 маи худ мунташир кард.Парвизи Комбахш, ки 24 сол дорад, мохи уктубри соли 2007 дар вилояти Балх дар паи пиёда кардани
як матлаби интернетй, ки аз суи бархе «куфромез» ва зиддиисломй талаккй шуд, боздошт шуд. У дар додгохи мукаддамотй дар Балх эътироф кард, ки руйкарди ислом ба занонро зери суол бурдааст ва ба марг махкум шуд. Аммо хафтаи гузашта дар шахри Кобул Комбахш зимни радди иттихомот гуфт, ки у тахти шиканчаи бозрасон мачбур ба эътирофи коре шуда , ки харгиз анчом надодааст.Рузи якшанбе рузномаи Индепендент ба накл аз Комбахш навишт: «Ман ба ростй бовар намекардам, ки то ба имруз зинда хохам монд. Пас аз боздошт манро озор доданду латукуб карданд. Аммо акнун ман фикр мекунам, ки ин хукми галат лагв хохад шуд ва ман аз ин чо берун хохам рафт ва зиндагиро аз сар хохам гирифт.»
Боздошти Комбахш ва таъйиди хукми эъдоми у
тавассути Мачлиси Сенои Афгонистон дар арсаи байнулмилалй хангомае бапо кард. Мачлис пешниходи Сибкатуллохи Мучаддадй, намояндаи мачлисро дар таъйиди хукми эъдоми Комбахш рузи 20 жонвие (январ)-и 2008 ба тасвиб расонд. Аъзои мачлиси Афгонистон хамчунин чомеъаи байнулмилалиро ба хотири дифоъ аз Комбахш махкум карданд ва аз раисичумхур Карзай хостанд, ки фишори гайриисломии беруниро нодида бигирад. Аммо созмонхои байнулмилалии бисёре, аз чумла Гузоришгарони Бидуни Марз, аз Хомид Карзай такозо карданд, ки дар мухокимаи Комбахш дахолат кунад ва хукми эъдоми уро лагв кунад. Рузи 31 жонвие (январ) рузномаи Индепендент як тумори интернетиро рохандозй кард, ки аз Вазорати хоричаи Бритониё мехост бо эъмоли фишор бар давлати Афгонистон чилави эъдоми Сайид Парвизи Комбахшро бигирад. Ба гузориши ин рузнома дар рузи душанбе, то кунун беш аз 100 000 тан ин туморро имзо кардаанд. Федеросиюни Байнулмилалии Рузноманигорон эътироз кард, ки чаласаи мухокимаи Комбахш пушти дархои баста ва бидуни вакили мудофеъ сурат мегирад.Муассисаи Гузоришнависй дар бораи Чанг ва Сулх муътакид аст, ки боздошти Комбахш бо фаъъолияти рузноманигории бародари у – Сайид Яъкуби Иброхимй муртабит аст. Иброхимй бо таъкид бар мавориди накзи конун тавассути чангсолорони шимолии кишвар чандин макола мунташир кардааст.
Мухокимаи Комбахш аз чумлаи матрахтарин мурофеъоти додгохии Афгонистон аст. Ба гунае, ки сарнавишти у дар сухбатхои вазирони хоричаи Бритониё ва Омрико бо макомоти Афгонистон баррасй шудааст.
Ба навиштаи Индепендент, Хомид Карзай ба таври хусусй ба корзори мудофеъони Комбахш итминон додааст, ки рузноманигори дарбанд озод хохад шуд. Ин рузнома меафзояд: «Бархе аз чехрахои аршади давлат низ ишора кардаанд, ки ба бовари онхо, хукми додгохе дар Мазори Шариф мабнй бар эъдоми Парвизи Комбахш бар пояи тафсири галате аз Конуни Асосии кишвар содир шудааст.»
Парвизи Комбахш, ки тахсилаш дар риштаи рузноманигорй бо мочарохои зиндониаш мутаваккиф шуд, умедвор аст, ки хакикати зиндонхои Афгонистонро дар китобе бинависад, албатта, агар аз зиндон чони солим ба дар бибарад.
Холи хозир, ба гуфтаи Алиса Танг аз хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, Парвиз талош мекунад «бо овозхонй ва кироати ашъори порсй дар силлули инфиродии худ мурокиби болидагии равонаш бошад. У мегуяд, ки вазъи саломаташ хуб аст ва бо у хуб бархурд
мешавад ва хар руз барои як соъат ичоза дорад берун аз силлулаш зери офтоб кадам бизанад. Дар тули руз, вакте ки партави хуршед аз равзана ба силлули Комбахш метобад, у метавонад дар бораи торихи Афгонистон ва чахон китоб бихонад.»