Майкл Чонссон
ва
Кристиан Нилз Ларсон
Равишхои
мубориза
бо
пулшуи
ва
таъмини
терруризм
дар
Осиёи
Миёна
хануз
бисёр
нопухта
аст
.
Чанд
кишвари
минтака
барои
мукобила
бо
чараёни
гайриконунии
пул
хануз
хам
фокиди
абзорхои
ибтидоии
хукукй
ва
ниходй
хастанд
.
Кишвархое
,
ки
конунхое
тасвиб
карданду
вохидхои
вижаи
тахкикоти
молй
созмон
доданд
,
танхо
дар
ду
соли
ахир
даст
ба
кор
шуданд
.
Теъдоди
андаки
махкумиятхои
молие
,
ки
сурат
гирифта
,
ин
фарзияро
матрах
мекунад
,
ки
ин
конунхо
ва
ниходхо
равиши
гузиниширо
ихтиёр
кардаанд
ва
эхтимолан
мухолифони
сиёсии
давлати
феълиро
хадаф
карор
медиханд
.
Ичрои
дуруст
,
мунсифона
ва
корсози
мукаррароти
мубориза
бо
пулшуи
,
замони
бештар
,
арзёбихои
ошкори
он
дар
мачлис
ва
химояти
фаннии
чиддии
хоричй
ва
ташвику
дилгармии
сиёсй
мехохад
.
Пешина: Набард бо пулшуи дар Осиёи Миёна тоза бо кундй огоз шудааст. Иктисодхои мубтанй ба накдинаи Осиёи Миёна хар навъ шеваи мубориза бо пулшуиро ба чолиш мекашад. Бахши бонкии вопасмондаи минтака ва иттикои беш аз андоза ба сомона (систем)-хои гайрирасмии интиколи пул (мавсум ба «хавола» ва «ш
e
мо») бар печидагии вазъият афзудааст.
Набуди иродаи сиёсй пеш аз соли 2001 бад-ин маъност, ки дар ростои мубориза бо падидаи пулшуи
дар он давра
кори зиёде анчом нашуда буд. Режимхои навпои набард бо пулшуи дар Осиёи Миёна хамчунон бо мавозин (стандардхо)-и таъйиншуда аз суи Нируи Зарбатии Икдоми Молй
(FATF)
хамхони надоранд.
Гурухи Уруосиё, ки муъодили минтакаии Нируи Зарбатии Икдоми Молист, соли 2004 шакл гирифт ва ахиран арзёбии мутакобили режимхои мубориза бо пулшуиро огоз кардааст. Ниходхои иттилоъоти молй, ки муваззафанд, дар мавриди хаволахои машкук иттилоъ гирд оваранду онро тачзия ва пахш кунанд, соли 2005 дар Киргизистон, соли 2006 дар Узбакистон ва соли 2007 дар Точикистон ташкил шуданд. Ин навъ ниходхо хануз дар Казокистон ва Туркманистон созмон наёфтаанд.
Бо ин ки мавориде аз пулшуи ба унвони чурм дар конунхои Узбакистон, Казокистон, Киргизистон ва Точикистон вучуд доштааст, бисёре аз ин конунхо номуносиб ва носозгор хастанд. Барои намуна, дар холе ки бахше аз мавориди пулшуи дар Казокистон чурм махсуб мешавад, роздории сомона (систем)-и бонкй тибки конун хатто ба макомоти давлатии марбута ичозаи дастрасй ба додахо (иттилоъот)-и хисобхои машкукро намедихад. Гузориш шудааст, ки Остона дар холи тадвини конуни нави мубориза бо пулшуист, вале тадвини тархи он беш аз хад тул кашид ва акнун тархи конун мунтазири раъйи порлумон аст.
Киргизистон нахустин конуни фарогири мубориза бо пулшуиро мохи нувомбри 2006 тасвиб кард.
Ин кишвар дар ростои табдил шудан ба як маркази бонкии минтака чилав рафтааст
.
Бо ин ки гузориши Гурухи Уруосиё дар мавриди ниходхои бонкии Киргизистон камбудхое ба монанди саъйу пушткори нокофй ва сабти нокиси аркомро баршумурд, давлати Киргизистон нахустин давлати Осиёи Миёна буд, ки ниходи иттилоъоти молии худро созмон дод ва мукаррароти мубориза бо пулшуиро барои баррасй ба чомеъаи байнулмилалй тахвил дод.
Точикистон, бо ин ки дар мучовират бо Афгонистон карор дорад ва гузаргохе барои гуруххои кочоки маводди мухаддир ба шумор меояд, конуни мубориза бо пулшуи надорад. Бо вучуди ин, Точикистон дар огози соли 2007 як ниходи иттилоъоти молй таъсис кард ва дар мохи жуан (июн) равишхои муборизаи давлати ин кишвар бо пулшуи мавриди арзёбии Бонки Чахонй вокеъ шуд.
Гурухи Уруосиё касд дорад тайи мохи чорй гузориши худ дар бораи сомонаи бонкдории Точикистонро ба тасвиб бирасонад.
Харчанд хачми муъомилоти бонкии байнулмилалии Туркманистон махдуд аст, аммо он низ ба хотири иктисоди умдатан мубтанй ба накдина ва тафовути кобили мулохиза миёни нархи расмй ва бозории арз, дар баробари пулшуи осебпазир аст. Ин кишвар ба Гурухи Уруосиё напайваст ва набуди конуни навиштаи мубориза бо пулшуи бад-ин маъност, ки пайгарду
мучозоти касе ба хотири иртикоби чурми молй такрибан номумкин аст.
Дар Узбакистон мушкил шояд воруна бошад. Талошхо барои кунтрули тичорати коикй ва радду бадали гайрирасмии пул маъмулан бисёр сахтгирона будааст ва гох бозори сиёхи пуртавони кишварро
беш аз пеш ба зерзамин рондааст. Хамчунин хатари мудовими ифрот дар ичрои конунхои тафтишу забти амвол вучуд дорад, чун Идораи Тахкики Чароими Иктисодй сандуки вижае дорад, ки афсаронро бо пули хамсанги кимати амволи мусодирашуда такдир мекунад.
Дар соли 2005 давлати Узбакистон аз фурушгоххо хост, ки маболиги дарёфтишонро сабт кунанд ва дар киболи он расид диханд. Ин икдом муъомилоти фурушгоххоро шаффофтар кард.
Бо таваччух ба ин ки хам конунхо ва хам ниходхои иттилоъоти молй дар Осиёи Миёна ё нокомил хастанд ё ба тозагй шакл гирифтаанд, ачаб нест, ки дар ин кишвархо мавориди пайгарди конунй ба иттихоми пулшуи андак сурат мегирад ва мавориди махкумият боз хам камтар аст. Бештари давлатхои минтака хануз ба таври дастачамъй талош накардаанд омори мубориза бо пулшуиро мунташир кунанд, вале гузоришхои расонаи хокист, ки Узбакистон дар кул 15 мавриди пайгард дошта, Киргизистон се маврид, Казокистон як маврид ва Точикистону Туркманистон аслан хич мавриди пайгарде надоштаанд.
Манзур
:
Дар Осиёи Миёна, ба монанди Кафкози Чанубй, гароише ба мушохида мерасад, ки макомот аз режими мубориза бо пулшуи ва дигар мукаррароти марбут ба чароими молй ба таври гузинишй кор мегиранд. Дар чандин мавриди хассоси сиёсй мухолифони давлат бо иттихомоти марбут ба пулшуи ва дигар чароими иктисодй мувочех шудаанд.
Яке аз нахустин мавориди махкумият ба чурми пулшуи дар Узбакистон алайхи Санчар Умаров, рахбари мухолифон буд. У мохи морси 2006 ба 15 сол зиндон махкум шуд. Камтар аз як сол пеш аз махкумият Умаров ошкоро аз давлати Узбакистон интикод мекард ва шоеъоте мечархид, ки у рузе ба чои Ислом Каримов ба курсии раёсати чумхурй хохад нишаст. Шуморе аз мудофеъони хукуки башар, аз чумла Муътабар Точибоева ва Нодира Хидоятова, низ ба иттихоми хамдастй дар чароими иктисодй махкум шуданд.
Дар Казокистон алайхи Рохат Алиев, домоди пешини раисичумхурй Назарбоев низ иттихомоти мушобехе тарх шудааст. У, дар холе ки сафири Казокистон дар Утриш (Австрия) буд, аз тагйирот дар Конуни Асосии кишвараш интикод кард ва мавриди бемехрии Назарбоев вокеъ шуд
.
Дар мохи май Алиев ба пулшуи ва рабудани ду макоми бонк муттахам шуд. Казокистон хостори истирдоди Рохат Алиев шуд, аммо Утриш ин дархостро рад кард, чун мутмаин набуд, ки мухокимаи Алиев дар Казокистон мунсифона хохад буд.
Мочарои Алиев казияи
Акежон Кожегелдин, нахуствазири пешини Казокистонро ба ёд меоварад, ки соли 2001 дар гиёбаш ба 10 сол зиндон махкум шуд ва иттихомоти матруха алайхи у низ ихтилос (дуздии пулу моли давлат), ришвахорй ва сарпечй аз пардохти молиёт буд. Мунтакидони Кожегелдин мегуянд, ки у дар раванди хусусисозй тайи дахаи 1990 аз макомаш суиистифодаи молй карда буд. Нозирони дигар гуфтаанд, ки ин иттихомот ангезаи сиёсй дорад, чун Кожегелдин мехостааст дар интихоботи раёсати чумхурй ракиби Нурсултон Назарбоев бошад. Дар яке аз гузоришхои вазорати хоричаи Иёлоти Муттахидаи Омрико дар бораи казияи Кажегелдин омадааст, ки «шояд иттихомот муваччах бошад, аммо ба назар мерасад ки онхо ангезаи сиёсй доранд.» Чолиб ин чост, ки вакте давлати Казокистон аз макомоти Суис (Швейтсария) хост, ки хисобхои бонкии хоричии Кожегелдинро масдуд кунанд, Женев доманаи тахкикоташро васеътар гирифт ва хисоберо масдуд кард, ки гуфта мешавад мутаъаллик ба макомоти баландпояи кунунии Казокистон аст.
Бо ин ки мумкин аст ин мавориди пайгард бар мабнои далоилу шавохид сурат гирифта бошад, ин пурсишро метавон матрах кард, ки оё давлатхои Осиёи Миёна аз мукаррароти мубориза бо пулшуи ба таври гузинишй кор мегиранд.
Шумори зиёде аз чехрахои мухолифи давлатхои Осиёи Миёна бо иттихомоти молй мувочеханд ва хич фарди дигаре дар минтака бар мабнои ин иттихомот мухокима нашудааст. Аз ин ру метавон талаккй кард, ки давлатхои Осиёи Миёна аз конунхои мубориза бо пулшуи ба унвони абзори наве барои ичрои таклиф (вазифа)-и кухна кор мегиранд.
Натичагирй:
Бо ин ки талошхои байнулмилалй дар ростои мубориза бо пулшуи ва таъмини терруризм дар Осиёи Миёна натичахое ба бор овардааст, ин минтака барои тасвиби комили конунхои мубориза бо пулшуи ва ичрои мунсифонаи онхо рохи дарозе пеши ру дорад. Бахши молии гайрирасмии васеъе, ки дар минтака мавчуд аст яке аз мавонеъи кобили дарки пешрафт дар ин замина аст. Аз ин ру зарурист, ки барои ичрои мунсифона ва дурусти конунхо давлатхо иродаи сиёсй ба харч диханд.
Руйкарди голибан фаннии чомеъаи байнулмилалй ба ичрои мукаррароти мубориза бо пулшуи ва таъмини терруризм дар Осиёи Миёна дастрасй ба макомоти минтака ва дидани натичахо руи когазро муяссар кардааст.
Агар аз андухтахо дар дигар бахшхои Шуравии пешин рохнамуд бигиранд, содатар аст, ки кишвархои Осиёи Миёнаро ба пазириши мукаррароти сахтгиронатари мубориза бо пулшуи ва таъмини молии терруризм мутакоъид кунанд. Вале ичрои фарогир ва корсози он мукаррарот душвортар хохад буд. Ичрои дурусту мунсифонаи мукаррароти мубориза бо пулшуи ва таъмини молии терруризм дар Осиёи Миёна на танхо кумаки фаннии мустамар, балки подошу танбехи сиёсй низ мехохад.
Дар бораи муаллиф:
Майкл Чонссон пажухишгари Муассисаи мутолеъоти амният ва тавсеъа дар Истукхулми Суэд (
Stockholm, Sweden) аст ва дар курсии улуми сиёсии Донишгохи Уппсоло низ тадрис мекунад; Кристиан Нилз Ларсон аз сардабирони торнамои Caucaz.com
аст.