Дар даргирии Кулоб афроди бегунох кушта шуданд
СИЁСАТ
Youth
Entertainment
tajikistanweb.com
270508 - Дар паи задухурди тулоние, ки шаби душанбе дар шахри Кулоб огоз шуд ва шомгохи сешанбе поён ёфт, бародари яке аз рахбарони пешини «Чабхаи Халкй»-и Точикистон боздошт шуд. Гузориш шудааст, ки дар чараёни ин даргирй панч тан ба зарби гулула кушта шудаанд, ки якеашон кудак будааст. Бино ба гузоришхо, ду тани дигар аз курбониёни ин тирандозй рохгузароне будаанд, ки хадафи гулулахои велгард вокеъ шудаанд.
Кабл аз огози тирандозй пулис атрофи хонаи дутабакаи Сухроб Лангариев, бародари Лангарй Лангариев – аз хомиёни факиди давлати Рахмон дар давраи чанги дохилиро мухосира карда буд.
Хабаргузории Интерфакс ба накл аз манбаъе дар Вазорати кишвар (дохила)-и Точикистон менависад, ки Сухроб Лангариев ва афроди у беш аз 100 килуграм херуинро дар ин сохтмон пинхон карда буданд. Амалиёт тавассути маъмурони ин вазоратхона ва гурухи «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Точикистон анчом гирифт.
Хабаргузории
Asia-Plus бо истинод ба суханони Косим Гаффоров, муъовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллй хабар медихад, ки хашт нафар дар ин сохтмон панох бурда буданд; аз чумла худи Сухроб Лангариев, ду хаводори у ва панч шахрванди Афгонистон. Ба гуфтаи вай, дар чараёни амалиёт дар хонаи Сухроб Лангариев микдори зиёде чангафзор, мухиммоти чангй ва маводди мухаддир кашф шудааст.Макомоти пулиси махаллй мегуянд, ки Сухроб Лангариеви 29-сола аз чандин сол пеш то кунун ба иттихоми горатгарй тахти таъкиб будааст.
Бародари Сухроб, Лангарй Лангариев замоне ба хотири хамвор кардани рохи, ба истилох, Чабхаи Халкй ба суи кудрат ба унвони «кахрамон» мавриди эхтироми вофири давлати кунунии Точикистон буд. У соли 1992 кушта шуд.