ФАРХАНГ
МУРТАБИТ
Youth
Entertainment
tajikistanweb.com
Пешохангони ин раванд аз хонадони салтанатии Мусохибон
буданд, ки мехостанд аз рохи касри макоми мухимтарин забони ин кишвар (порсй ) забони махаллии паштуро фарогир кунанд . Аммо имкони тавсеъаи пашту дар замоне кутох вучуд надошт ва ин хакикат монеъ аз парвози баланди андешахои паштунгароён шуд. Бо вучуди ин, онхо комгор шуданд то андозае ба пайкари порсй осеб расонанд ва мавозини порсии Афгонистонро ба хам бизананд. Tajikistanweb каблан бар мабнои тахкики асноди махрамонаи пешини Омрико чузъиёти ин мавзуъро баррасй карда буд . Он чи ин чо меояд, чузъиёти бештари фароянди паштунсозй ва мушохидоти мухталиф аст, ки тасвирро комилтар хохад кард ва миёни ду чунбиши зиддипорсй дар ду суи руди Ому хутути мувозй хохад кашид.
Эчоди «забоне нав» дар Афгонистон
Сорбонхои корвони бегонасозии порсии Афгонистон низ ба монанди Осиёи Миёна
гайриточикхо буданд. Хатто тозатарин мавриди мучозоти рузноманигорон ба хотири корбурди вожахои порсй тавассути як вазири паштун (Абдулкарими Хуррам) сурат гирифт. Хуррам бобати нуфузи «гайриисломй»-и забони порсии Эрон бар «дарй»-и Афгонистон асабонй шуда буд, дар холе ки гуяндагони ростини забони порсй дар Афгонистон бо изхори эътироз ба вазири фарханг бар ягонагии «дарй» ва порсии Эрон таъкид мекарданд. Яъне гайрипорсхо (паштунхо) номи забонеро иваз карданд, ки ба таври зотй ба онхо таъаллук надорад ва то кунун талош мекунанд як порсии худсохтаро бо номи «дарй» бар кишвар тахмил кунанд. Ин тасвир ба шиддат ёдовари руйдодхои Осиёи Миёна дар даврони шуравист.Мехдии Маръашй дар китоби «Мутолеъоти порсй дар Омрикои Шимолй» бо ручуъ ба дахаи 1960 менависад:
«
Харчанд мизони савод ба забони пашту дар он давра бисёр андак буд ва пашту хамин холо хам аз порсй акиб аст, шуморе аз ниходхо ба забони пашту номгузорй шуданд ва хама муваззаф шуданд, сарфи назар аз забони модариашон, масалан, ба « донишгох» «пухантун» бигуянд, то забони расмии «дарй» аз «форсй» фосила бигирад.»Истилохоти «хамагонй»-и пашту ба монанди пухантун, пуханзай
( донишкада), саранволй ( додситонй) , ругтун ( бемористон) ва гайра аз бидъатхои Пашту Тулана ( Фархангистони пашту) буд, ки соли 1936 поярезй шуд. Ин фархангистон аз ихтиёри фавкуоъодаи тахмили истилохоту вожагон бар хамаи забонхои роич дар Афгонистон бархурдор буд, дар холе ки муъодили он вожахо дар забоне чун порсй аз дербоз вучуд дошт. Яке аз хадафхои ин ниход сунъ (сохтан)-и тафовутхои хар чи бештар миёни « дарй» ва порсии Эрон буд. Дар хамон сол забони пашту ба унвони забони омузишй бар мадрасахо тахмил шуд, харчанд дар нихоят тавфики чандоне надошт.«
Мушкили дигар (-и раванди паштунсозй) равшанфикрон ва дарбориён буданд, ки ба забони порсй – забони суннатии фарханги кишвар харф мезаданду менавиштанд. Паштуи худи Зохиршох ибтидойи ва нокис буд .» (Gilles Dorronsoro, Afghanistan: Revolution Unending, 1979-2002).Ба гуфтаи Амини Сайкал
, « дар миёнахои дахаи 1960 талошхои пуртобу табе чихати сохтани адабиёте ба забони пашту бар пояи лахчаи чанубй (Пактиё) сурат гирифт. Фаварони ногахонии навиштахо дар мачаллаи бонуфузи «Кобул»-и Фархангистони Афгон , ки голибан нависандаашон шувинисти паштун Риштин (раиси Пашту Тулана – twc) буд , паштуро ба унвони забоне, ки дар сарзамини Афгонистон бор омада ва ба камол расидааст ва садсолахо пеш аз вуруди ислом дар ин марзу бум вучуд доштааст, месутуд ва меафзуд, ки ин забон баъдан тавассути кишваргушоёну хокимони ситамгари мухталиф саркуб шуд.» (Amin Saikal, Modern Afghanistan: A History of Struggle and Survival). Иддаъохои мушобехе алайхи забони порсй дар Осиёи Миёна низ шудааст .Тайи давраи хасмонатари ин раванд дар дахаи 1970 пахши барномахои родюйи ба забонхои махаллй катъ шуд.
Дар миёнахои дахаи 1970 хафтод дарсади макомоти баландпояву мутавассити Афгонистон дар силсиламаротиби маданиву низомй паштун буданд
(Amin Saikal, Modern Afghanistan: A History of Struggle and Survival).Дар кишвари чандкавмие чун Афгонистон сиёсати шувинистии паштунсозй мутмаиннан бар танишхои кавмй меафзояд. Он гуна ки як нависандаи шуравй навиштааст, «сиёсати паштунсозй... пеш аз хама ба паштунхо имтиёзоти мушаххасе медод ва сипас ба ононе, ки ин забонро хуб фаро гирифта буданд.»
Зохиран ин фароянд бо омадани Карзай ба кудрат дубора чон гирифта ва Вазорати фарханги Афгонистон ба унвони мухаррики паштунсозии кишвар
чойгузини Пашту Тулана шудааст.
Аммо порсй хамчунон порсист
Мехдии Маръашй муътакид аст, ки ин забонро дар кул хануз чун «форсй» (порсй) мешиносанд. Аммо акнун, ки порсигуёни Точикистон «ахамияти истиклоли гайримунтазираашонро дармеёбанд ва бо хамсоягони порсигуяшон тачдиди равобит мекунанд, дар айни хол бо як муъодила рубару хастанд. Оё хатти сирилликро бояд хифз кард ё дабира (хатт)-и порсии арабй бояд чойгузини он шавад? Бо мондагории хатти сириллик точикхо дар пайванди дубора бо чомеъаи торихиашон ноком хоханд шуд, дар холе ки ин танхо чомеъаест, ки ба руи точикон комилан боз аст. Аммо агар онхо ба хатти порсии арабй баргарданд, мачбуранд аз точикизабонони Самарканд, Бухоро ва бокии Осиёи Миёна бибуранд. Хеч саршумории мувассаке аз дигар порсизабонони Осиёи Миёна дар даст нест, аммо шумори онхо мутмаиннан метавонад бо теъдоди порсизабонони худи Точикистон баробар бошад!»
(Mehdi Marashi, "Persian Studies in North America").Ин рузхо шуморе аз донишварони Точикистон низ расман хостори бозгашт ба дабираи порсии арабй шудаанд, чун ба бовари онхо алифбои сириллик Точикистонро гирифтори бухрони фархангй карда ва дастрасии точикон ба навиштахои порсии хорич аз кишварро махдуд кардааст. Ба назар мерасад, ки бозгашт ба алифбои порсии арабй танхо рохи амалй ва гурезнопазири берун кашидани порсии Осиёи Миёна аз инзивои дерина ва хифзу тавсеъаи он аст.
Нишасти ахири вазирони хоричаи кишвархои порсигу дар Душанбе ва барномаи онхо барои поярезии иттиходи кишвархои порсизабон дар Русия нигаронихоеро барангехтааст. Независимая Газета,
чопи Маскав, менависад: «Эрон Точикистонро чузъе аз «Эрони Бузург» медонад. Ру овардани Душанбе ба Техронро метавон бо конуни жеупулитикии тамоюли унсури камзур ба суи унсури пурзур тавзех дод. Гузашта аз ин, онхо мардумони хамтаборе хастанд, ки забон, фарханг ва торихи муштарак доранд.»