ИКТИСОД
Youth
Entertainment
Хуршеди Бахшоиш
290408 –
Шахрдори Душанбе аз раисон ва кормандони хамаи «вохидхои идории пойтахт», катъи назар аз шеваи мудирият ва тобеъияти идории онхо, хостааст, ки 50% аз дастмузди мохонаи худро дар моххои май ва жуан (июн)-и оянда ба хисоби сохтмони садди Рогун ворез кунанд. Ин дархост дар паи суханронии солонаи ахири раисичумхур Рахмон дар порлумон сурат гирифт. Рахмон дар он суханронй зимни эъломи ракамхои зидду накиз дар мавриди маблаги ихтисосии солонаи будчеи давлат ба сохтмони Рогун, авзоъ ва шароити эхдоси неругохро тавзех дод. Вай гуфт , ки барои мархилаи нахусти эхдоси садди Рогун худуди 600 милюн дулор лозим аст . Барои кишваре, ки будчеи солонааш худуди 700 милюн дулор баровард шудааст, ичрои ин таклиф такрибан номумкин ба назар мерасад.Шахрдории Душанбе дар баёнияи рузи душанбеи худ мегуяд, ки дар сурати ичрои ин дархост «бахши иктисодии фаъъоли шахрнишинон то рузи 15 жуие (июл) ба хисоби эхдоси неругохи обии Рогун 10 милюн дулор ворез хоханд кард». Дар ин баёния бар ахамияти сарнавиштсози садди Рогун дар дастёбии Точикистон ба истиклоли энержй таъкид шудааст ва мардуми Душанбе ташвик шудаанд, ки барои расидан ба ин хадаф мушорикат кунанд.
Махмадсаъид Убайдуллоев, шахрдори Душанбе ва раиси мачлиси улёи порлумон, эълом кард, ки аъзои хар ду мачлиси порлумон аз хамин холо намунаи ибрат шудаанд ва тасмим гирифтаанд як мох хукукашонро ба хисоби Рогун мунтакил кунанд. Хануз равшан нест, ки оё дигар сокинони шахри Душанбе довталабона аз ин намуна пайравй хоханд кард ё сахми онхо ба таври худкор ба хисоби Рогун мунтакил хохад шуд.
Точикистон бо 1600 дулор даромади саронаи нохолиси миллй дар соли 2007 хамчунон бенавотарин кишвари Осиёи Миёнаи пасошуравй ба шумор меояд. Миёнгини даромади мохонаи мардум бештар аз 35 дулор нест. Ин хакоик тамоюли мардум ба мушорикат дар сохтани садди Рогунро зери шубха мебарад.
Аммо ин нахустин бор нест, ки давлат аз миллат такозои хайрия мекунад. Дар дахаи 1990 бисёре аз мардуми одии Точикистон маболигеро ба хисоби сохтмони садди Сангтуда-1 хавола карданд, аммо омору аркоми сахми онхо хануз ошкор нашудааст. 75 дарсади сохтмони ин неругохи обй тавассути ширкати РАО ЕЭС-и Русия сармоягузорй шудааст.
Комилан мухтамал аст, ки шахрдориву бахшдорихои дигар низ бо пайравй аз Душанбе баёнияхои мушобехе мунташир хоханд кард. Ба гуфтаи бархе аз нозирон, Душанбе бо дарки дурусте аз тоза будани хотироти сарди зимистони махуфи гузашта ин такозоро карда ва умедвор аст, ки он хотирахо мардумро ба мушорикати фаъъол дар сохтмони садди Рогун водор хохад кард. Бо вучуди он, дар кишваре, ки 60 дарсади мардумаш зери хатти факр ба сар мебаранд, мумкин аст хушбинии давлат бо девори сарди бемайлии мардум ба мушорикат бархурад. Магар ин ки ба монанди даврони шуравй шуру завки маснуъй (сунъй)-и
мушорикати мардум тавассути хамаи сутухи давлат эчод шавад.