Давлат гурухи кочокчиёнро шикаст дод

web.com

СИЁСАТ

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

МУРТАБИТ

Kulab Gunfire Claims Innocent Lives

Константин Паршин
Eurasianet


Макомоти Точикистон, ки дар масофи хифзи обруи дохилию хоричй ба сутух омадаанд, алайхи яке аз пурзуртарин дорудастахои кочоки маводди мухаддир дар ин кишвар амалиёте интизомй анчом доданд. Дар паи тирандозии тулоние, ки дар шахри Кулоб дар чануби Точикистон дар гирифт, хашт тан, аз чумла касе, ки гуфта мешавад саркардаи гурух аст, боздошт шуданд.

Ба гуфтаи як намояндаи Вазорати амнияти миллии Точикистон, амалиёт дар соъоти бомдоди 27 май огоз шуд. Намояндагони давлат мегуянд, ки хадафи амалиёт яке аз гуруххои аслии кочоки маводди мухаддир дар Точикистон будааст. Гуфта мешавад, ки саркардаи ин гурух Сухроб Лангариеви 29-сола аз соли 2002 то кунун тахти таъкиби байнулмилалй будааст . Аммо ба гуфтаи манобеъи махаллй, Лангариев дар Кулоб ва минтакахои дигари Точикистон бепарво аз эхтимоли дастгир шуданаш тараддуд мекард.

Лангариев ва хамдастагонаш ба муковимати мусаллахона алайхи маъмурони интизомй даст заданд. Гузориш шудааст, ки дар натичаи табодули мадиди оташ чахор тан кушта шудаанд: ду афсари пулис ва ду рохгузар. Шумори номаълуми афроди захмй ба бемористон мунтакил шудаанд. Хабаргузории Asia-Plus ба накл аз идораи додситонй гузориш дод , ки аъзои ин гурух аз занон ва дастикам аз як кудак ба унвони «сипари инсонй» истифода кардаанд, то ба дасти маъмурони интизомй науфтанд.

Аъзои дорудаста дар нихоят таслими макомот шуданд. Ба гузориши Asia-Plus, дар канори Сухроб Лангариев хешованди 24-солаи у бо номи Аъзам Лангариев ва Нурмахмад Сафарови 22-сола – писари як фармондехи аршаде, ки дар замони чанги дохилй дар дахаи 1990 аз раисичумхур Эмомъалии Рахмон химоят мекард, низ боздошт шудаанд. Афзун бар ин, дастикам ду шахрванди Афгонистон хам дар миёни боздоштшудагон хастанд. Asia-Plus бо истинод ба идораи додситонй гузориш дод, ки интизор меравад «дар рузхои наздик» алайхи Лангариев ва дигар аъзои гурух эъломи иттихом шавад.

Сухроб Лангариев, рахбари ин гурух , бародари кучаки Лангарй Лангариев аст, ки аз чумлаи фармондехони сахроии аршади Чабхаи Халки тарафдори Рахмон дар замони чанги дохилй буд. Лангариеви бузургй дар марохили огозини даргирихо кушта шуд. Макомот гузориш доданд, ки дар чараёни бозчуии хонаи Лангариев микдори зиёде силох ва худуди 100 килуграм херуин кашф кардаанд. Дар паи юриш макомоти интизомй дар сатхи Кулоб ва перомуни он нерухои гаштй (патрол) мустакар кардаанд.

Ин амалиёт дар холе сурат гирифт, ки шоеъоте дар бораи нооромихои маданй дар Кулоб, минтакаи Рахмон ва пойгохи суннатии кудрати у, сари забонхо уфтода буд. Ин шоеъот бепоя аз об даромаданд. Аммо бархе аз коршиносон таъкид мекунанд, ки нохушнудии мардуми Кулоб ва дигар манотики кишвар дар холи афзоиш аст. Бовар бар ин аст, ки рухияи нохушнуди мардум бо паёмадхои зимистони хорикулъода сарду сахти ахир муртабит аст. Камбуд ва набуди барку гармо мукаддимаи афзоиши якбораи кимати гизо буд, ки мардуми Точикистонро тахти фишори музоъаф карор додааст. Беш аз нисфи мардуми кишвар бенавоанд ё зери хатти факр ба сар мебаранд ва худуди понсад хазор тан, яъне наздики хафт дарсади кулли чамъият, аз суъитагзия (камхурокй) ранч мебаранд. Бо ин ки акнун хаво гарм аст, бисёре аз манотики рустойи хануз барк надоранд.

Ин юриш хамчунин бо замоне мусодиф шуд, ки Точикистон талош мекунад эътибори аз дастрафтааш дар баробари кишвархои вомдихандаро дубора ба даст оварад. Ахиран дар паи як чанчоли молй Бонки Миллии Точикистон мачбур шуд эътироф кунад, ки барои дарёфти эътибороти Сандуки Байнулмилалии Пул ба ин бунёди молй гузоришхои галат ироа додааст.

Ёддошти сардабир: Константин Паршин рузноманигори озоди мукими Душанбе аст.

English