Русия хостори истирдоди мазнунони точик аст

web.com

СИЁСАТ

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

tajikistanweb.com

Пулиси Точикистон дархости гайрирасмии Русия мабнй бар истирдоди се фарди мазнун ба катли як гузоришгари телевизюни Русия дар Маскавро рад кардааст. Он се тан дар Точикистон боздошт шудаанд. Манобеъе дар Вазорати кишвар (дохила)-и Точикистон бо истинод ба мукаррароти Паймони 1992 дар Минск гуфтаанд, ки ин навъ истирдод мучоз нест ва мухокимаи он се тан тавассути Точикистон анчом хохад гирифт.

Илёс Шурпоеви 32-сола гузоришгари саршиноси Русия аз чумхурии ноороми Догистон дар шимоли Кафкоз буд. Рузи 21 морс (март) часади у дар манзилаш дар Маскав кашф шуд. Даври гардани у камарбанде печида буд ва пайкари у чандин зарби корд хурда буд. Часади уро маъмурони оташнишонй кашф карданд, ки барои хомуш кардани оташсузй омада буданд. Ба гуфтаи пулиси Маскав, котилон аз хона 100 000 рубл (худуди 4100 дулор)-ро ба ягмо бурдаанд ва сипас хонаро оташ задаанд.

Гузоришхои каблй хокй аз он буд, ки котилон горатгар набудаанд, чун онхо ба роёнаи кобили хамл (ноутбук)-и Шурпоев ва дигар дороихои боарзиши у даст назадаанд. Аммо гузоришхои ахир таъйид мекунанд, ки телефуни хамрох ва соъати Шурпоевро дар хонаи Масрурчон Ятимови 24-сола дар Шахринав
(45 килуметрии гарби Душанбе) пайдо кардаанд. Номи ду мазнуни дигар, ки субхи шанбе дар нохияи Вахдат боздошт шуданд, «бародарон Мухаммадиев» гузориш шудааст. Маъмурони пулис мазнунонро ба боздоштгохе дар Душанбе бурдаанд.

Бозрасони рус, ки аз Маскав барои боздошти афроди мазнун омада буданд, иттилоъоте дар бораи махалли будубоши онхоро ба пулиси Точикистон доданд.
Хабаргузорихои Русия бо истинод ба суханони як намояндаи Вазорати кишвари Точикистон навиштаанд, ки Конуни Асосии Точикистон ичоза намедихад
ин афрод ба Русия мустарад шаванд, чун хар се шахрванди Точикистонанд.

Торнамои русии
Vesti.ru бо гилоя ба ёд меоварад, ки макомоти амниятию интизомии Русия дар гузашта борхо мазнунони мухимме чун Яъкуб Салимов – вазири пешини кишвари Точикистон ва Мухаммадрузй Искандаров – раиси ширкати «Точикгоз»-ро ба макомоти Душанбе тахвил дода буданд. Ин торнамо меафзояд: «Акнун хар дуи онхо дар зиндонанд.»

Ин нахустин бор аст, ки як расонаи русй истирдоди Мухаммадрузй Искандаров дар соли 2005 ба макомоти Точикистонро таъйид мекунад. Рахбари Хизби Демукрот дар паи он ба 23 сол зиндон махкум шуд. Русия то кунун мункири накши худ дар боздошт ва истирдоди Искандаров буд.

Аммо дар миёни истирдоди он ду тан ва орзуи Русия барои бозпас гирифтани мазнунони точики катли Шурпоев тафовути ошкоре хаст.
Хам Салимов ва хам Искандаров тобеъияти Точикистонро доштанд ва тахти таъкиби макомоти Точикистон карор доштанд, дар холе ки се мазнуни катли Шурпоев хам шахрвандони Точикистонанд, ки дар хоки Точикистон боздошт шудаанд. Бино ба мукаррароти конун, давлат хак надорад хеч шахрванди Точикистонро ба як кишвари хоричй таслим кунад.

Як руз пас аз катли Шурпоев мардони мусаллахи ношинос раиси телевизюни давлатии Донистонро низ ба катл расонданд. Макомоти рус мегуянд, ки ба назари онхо миёни ин ду маврид пайванде вучуд надорад. Аммо аз суи дигар, катли ду чехраи расонаии саршиноси догистонй дар ду рузи паихам наметавонад комилан тасодуфй бошад.

Катлхои ба зохир карордодй аз вокеъиятхои талхи Русия пас аз соли 2000 аст. Маъмулан хадафи ин навъ катлхо рузноманигороне хастанд, ки талош мекунанд дар казияи чанги Чечен ё иттихомот дар бораи фасоди молй дахолат кунанд. Ва маъмулан котилон пайдо намешаванд.

English